• Home »
  • Баромадҳо »
  • Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ
Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

Машварати оперативӣ: натиҷагирии фаъолияти кории милитсияи пойтахт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ

  6 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти милитсияи пойтахт дар соли 2022 баргузор гардид.
  Дар машварати оперативии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарияти Дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.


Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти мақомоти милитсияи пойтахтро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок ҳар як корманди мақомоти милитсия дар сатҳи баланди касбӣ уҳдадориҳои хизматии худро иҷро намояд.
  Ҳамзамон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, пайравӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, муомилот ва истеъмоли воситаҳои нашъадору ҳабҳои мадҳушкунанда, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати сари вақт бартарафсозии он ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


  Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, ки яке аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, пайваста машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил ва ба роҳ монда шавад.
  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд.


  Аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва оромии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
  Чуноне таъкид гардид, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳои санҷишӣ ва мулоқоту вохуриҳои судманд, содиршавии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар давоми соли 2022 аз содир гардидани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 % кам мебошад. Қобили зикр аст, ки маҳз натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳист, ки дар 12-моҳи соли 2022 содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ низ аз ҷониби ноболиғон 46,1 % коҳиш ёфтааст.
  Ҳамчунин дар ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид карда шуд, ки давоми соли 2022 дар ҳудуди пойтахт ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 17,7 % коҳиш ёфтааст, ки ин аз баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ миёни ин табақаи пешбарандаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
  Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҳамзамон як қатор масъалаҳои дигари ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо мақсади бартарафсозии камбудиҳои зикргардида, нақша чорабиниҳои мушаххас қабул гардиданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin