15-шабонарӯз ҳабси маъмурии қиморбоз

15-шабонарӯз ҳабси маъмурии қиморбоз

  Дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Валиев Фирӯзбек Идибекович, санаи таваллудаш 04.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд.
  Гарчанде қаблан нисбати Валиев Фирӯзбек чандин маротиба барои ба қиморбозӣ машғул шудан, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, вале номбурда аз ин амали мардумфиребонаи худ даст накашида, боз дар маконҳои ҷамъшавии одамон ба ин амали ношоям машғул шудааст. Ҳамзамон ин кирдори зиддиқонунии ӯ боиси норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр гардидааст.
  Ин навбат санаи 12-уми декабри соли ҷорӣ, дар назди бозори «Ганҷина» ҳангоми ба қиморбозии ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милисия дастгир карда шуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ датсрас карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Фирӯзбек протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали мардумфиребӣ машғул нагардидан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin