• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷинояти авбошӣ ошкор ва гумонбари он дастгир гардид
Ҷинояти авбошӣ ошкор ва гумонбари он дастгир гардид

Ҷинояти авбошӣ ошкор ва гумонбари он дастгир гардид

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки муроҷиати шаҳрванд Муҳтоҷов Бобоҷон Маҳмудович, санаи таваллудаш 05.01.1992, оид ба мавриди латукӯб қарор гирифтанаш, санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ расман ҳамчун ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст.
  Ҷиҳати баррасии холисона ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ гарчанде муроҷиаткунанда ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нагардида, боиси кашолкорӣ гардида бошад, ҳам вале дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари ҷиноят муайян ва дастгир карда шуд.
  Дар содир намудани ҷинояти мазкур ҳамчун гумонбар, ноболиғ Воҳидов Рустам Улмасович, санаи таваллудаш 29.11.2005, сокини ш.Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Анзоб дастгир гардид.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:40 дақиқа, гумонбаршаванда дар кӯчаи Анзоб-даромадгоҳи Боғи Ғалаба бе ягон асос Муҳтоҷов Б.-ро мавриди лату куб қарор додааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст.
  Айни замон, ҳодисаи мазкур бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin