• Home »
  • ХАБАР »
  • Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ
Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ

Таассуроти хотирмони наврасон аз тамошои намоишномаи театрӣ

  Дар партави иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносӣ, огоҳ намудан аз ҳуввияти миллӣ ва таъриху фарҳанги давлатдории миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасон баён гардида буд, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодааст.


  Бо ин мақсад, санаи 26-уми декаброи соли ҷорӣ, бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ барои фарзандони кормандони милитсияи пойтахт чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар толори Театри давлатии ҷумҳуриявии Лӯхтак ташкил ва гузаронида шуд.
  Бояд тазаккур дод, ки таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарвариву бузургдошти арзишҳои миллӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта, давлату ҳукумат талош меварзанд то ҷавонону наврасони кишвар бо илму дониш ва маърифати баланди худ муаррифгари давлату миллат бошанд.


  Дар ин замина, милитсияи пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва маърифату одоби шаҳрдории ин қишри ояндасози ҷомеа тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Кормандони милитсия новобаста аз фаъолияти шабонарӯзӣ, ба таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва андухтани донишҳои замонавӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳамаи наврасон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, табъи наврасон болида гардид.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin