• Home »
  • ХАБАР »
  • Самадова бори дуюм Ҷоми ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард
Самадова бори дуюм Ҷоми ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард

Самадова бори дуюм Ҷоми ҷаҳон оид ба боксро ба даст овард

  Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова, кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард.
  19-умин Ҷоми Ҷаҳони бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, дар минтақаи Белоярски Руссия рӯзи 5-ум оғоз шуда, то 11-уми моҳи ҷорӣ идома мекунад.


  Дар мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва шаш вазн миёни занон ҷараён дорад. Самадова дар вазни 57 кило баромад намуда, то финал бар боксчиёни кишварҳои Беларуссия ва Руссия дастболо шуд. Варзишгари тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова (Руссия) ғалаба ба даст овард.

 Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки пайдарҳам ба гирифтани медали тиллои Ҷоми Ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа муштзани тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin