• Home »
  • ХАБАР »
  • Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Оқибати мастӣ: ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Рӯзиев Шерзод Рӯзибоевич, санаи таваллудаш 18.03.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Сино барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, санаи 7-уми декабри соли ҷорӣ, тақрибан соати 23:20 дақиқа, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш, нисбати кормандони бозрасӣ, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор доштанд, беэҳтиромӣ намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия дашномҳои қабеҳ намуда, бо ин кирдораш тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Рӯзиев Шерзод тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin