• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор доллари амрикоӣ
Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор доллари амрикоӣ

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор доллари амрикоӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 10-уми октябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ автомашинаи боркаши тамғаи «Шагман»-ро, ки ба муҳлати 3 сол иҷора гирифта буд, ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin