Ошкор шудани силсилақаллобии марди 33-сола

Ошкор шудани силсилақаллобии марди 33-сола

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022 марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
  Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 112 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
  Номбурда бо ҳамин роҳ 16-уми марти соли 2022 ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 500 ҳазор рубли русӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin