• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз дукони заргарӣ
Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз дукони заргарӣ

Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз дукони заргарӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони заргариаш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни нуқрагӣ ва тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Зарари расонидашуда 141 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin