Истиқболи бо тантанаи Миҷгона Самадова

Истиқболи бо тантанаи Миҷгона Самадова

  Варзишгарон, ки муаррифигару парчамбардорони давлату миллатанд, аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар пайваста дасгирӣ меёбанд. Махсусан солҳои охир бо талошҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тамрини варзишгарон тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудаанд.
  Боиси хурсандист, ки муштзанбонуи тоҷик, корманди Раёсати ВКД дарп шаҳри Душанбе, лейтенанти милитсия-Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори медали тилло шуд.
  Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон аз 5-ум то 11-уми декабр дар минтақаи Белоярски Руссия баргузор гардид. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт.


  Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило сабқат намуда, то ба финал расидан бар намодагони кишварҳои Беларус ва Русия дастболо шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова ғалаба ба даст овард ва медали тиллоро соҳиб шуд.
  Санаи 16-уми декабр парчамбардори кишварро дар фурудгоҳи байналмилали шаҳри Душанбе роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанебе, масъулини соҳаи варзиши кишвар, мураббиён ва хешону пайвандон самимона пешвоз гирифтанд.
  Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа Миҷгона мақоми аввалро сазовор шуда буд.
  Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар 5-ум Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд. Медали тиллои дуюмро дар ин чорабинии сатҳи баланд Шамшер Саидов дар вазни 67 килло ба даст овард.


  Миҷгона яке аз беҳтарин корманди милитсияи пойтахт ба ҳисоб рафта, бо донишу малакаи касбӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонии худ намунаи ибрати дигарон аст. Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт низ ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани Миҷгона Самадова тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шуда, пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор мегирад.
  Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд низ дар мусобиқаҳои сатҳи баланду байналмиллалӣ иштирок намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуфузу обруи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin