• Home »
  • ХАБАР »
  • Дағалгуфторӣ дар пахши мустақими шабакаи иҷтимоӣ
Дағалгуфторӣ дар пахши мустақими шабакаи иҷтимоӣ

Дағалгуфторӣ дар пахши мустақими шабакаи иҷтимоӣ

  Як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навори пур аз алфози қабеҳ ва дашному ҳақорат, аз мақомоти милититсия дархост намуданд, ки нисбати ҷавондухтари дашномкунанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи санҷиш, муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Латифова Саида Муҳруллоевна, санаи таваллудаш 14.08.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон мебошад. Зимни пурсиш, номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат ҳангоми пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии «Тик-Ток», нисбати дигар ҳамсуҳбатони худ дашномҳои қабеҳ намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуд.
  Ҳамзамон, номбурда аз кирдорҳои содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки мақсад аз татбиқи ҷазо ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми пеша намудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо намуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin