• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш:гумонбарони ҷинояти авбошӣ дастгир гардиданд
Вокуниш:гумонбарони ҷинояти авбошӣ дастгир гардиданд

Вокуниш:гумонбарони ҷинояти авбошӣ дастгир гардиданд

  Шоми 25-уми декабри соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як нафар ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон инъикос ёфтааст.
  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳолати ҷинояти мазкур пурра муайян карда шуда, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дақиқа дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
  Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77, №78 ва №57, ки бо ҳамдигар рафиқанд бо маслиҳати пешакӣ як нафар хонандаи синфи 8-уми МТМУ №5-ро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ҳамзамон ҳолати авбошии худро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
  Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin