Боздошти ронандаи «такси» дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор

Боздошти ронандаи «такси» дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор

  Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва бартарафсозии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт рейду амалиётҳои санҷишӣ баргузор карда мешавад, ки қоидавайронкуниҳои гуногун ошкор карда шуда, нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди фаъолияти хизматӣ аз ҷониби нозирони бозрасӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла» рақамҳои қайди давлатиаш 7032ТТ05, Назризода Абубакр Раҳмоналӣ, ки дар ҶДММ «Сайёҳон» ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул аст, бо гумони идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ боздошт карда шуд.
  Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки номбурда дар ҳақиқат дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, воситаҳои нашъадори навъи «бангдона» истемол кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назризода Абубакр тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон бо мақсади муайян намудани сарчашмаи паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.
  Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin