• Home »
  • ХАБАР »
  • Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ
Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 38 ва 41-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд.
  Номбурдагон моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус-570»-ро бо арзиши 70 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати 1 моҳ бармегардонанд, аммо автомашинаро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
  Ҳамин тариқ номбурдагон моҳи январи соли 2022, ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Тойота камри», 1-адад автомашинаи тамғаи «Форд-мустанг», 1-адад автомашинаи «Мерседес-бенс»-ро ҷамъ ба маблағи 122 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашонро дар муддати кӯтоҳ бармегардонанд, аммо автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
  Ҳамин тавр мардони дар боло зикркардашуда моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада аз ӯ 48 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз биноҳои навсохтмон манзили истиқоматӣ гирифта медиҳанд, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
  Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin