• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти махсуси милитсия: боздошт ва ҳабси 3-нафар қиморбоз
Амалиёти махсуси милитсия: боздошт ва ҳабси 3-нафар қиморбоз

Амалиёти махсуси милитсия: боздошт ва ҳабси 3-нафар қиморбоз

  Қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» падидаи номатлуб ва ғайриқонуниест, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасанд. Гарчанданде, кормандони мақомоти милитсия пайваста рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида, чунин афродро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд, ҳам вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз такроран ба ин амали мардумфиребона машғул мегарданд.
  Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст.
  Аз ҷумла, дар ҷараёни ин амалиёти санҷишӣ 3-нафар қиморбоз шаҳрвандон; Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи тавалудаш 08.09.1995;

Ризоев Комил Нуралиевич, санаи таваллудаш 15.10.1984

ва Шарофиддини Иноятшоҳ, санаи таваллудаш 26.11.2000 дастгир карда шуданд.


  Гарчанде, номбурдагон қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, ҷиҳати минбаъд такрор накардан расман огоҳ карда шуда бошанд, ҳам вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд.
  Вобаста ба ин, нисбати номбурдагон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарорҳои Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинону мехмони пойтахт мерасонад, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin