• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷазо барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ
Ҷазо барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ

Ҷазо барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ

  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогероне пайдо шудаанд, ки бо мақсади ҳарчи зиёд кардани обуначиён (подписчикҳои)-и худ наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва ё истифодаи суханҳои қабеҳи хусусияти ғайриинсонӣ, ки ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона аст, ба навор гирифта, тавассути саҳифаҳои худ дар фазои иттилоотӣ паҳн менамоянд.
  Муайян карда шуд, ки яке аз чунин блогерон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бустон буда, бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез машғул аст.
  Бо мақсади пешгирии паҳншавии чунин наворҳои ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Қурбонова Ф.А. ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.
  Аз шаҳрвандон, алалхусус блогерон хоҳиш карда мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin