Ярмарка бахшида ба Рӯзи милитсия

Ярмарка бахшида ба Рӯзи милитсия

  Ба муносибати Иди касбии кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, дар саҳни ҳавлии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе якрмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир карда шуд.
  Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорону фурӯшандагони маҳсулоти хуроквории бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро аз қабили гушт, шакар, пиёз ва картошкаю сабзӣ, равғану биринҷ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал бо сифати хуб ва нархи он нисбат ба бозор дастрас ба фурӯш бароварданд.
  Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin