Таҷлили Рӯзи милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Ҳамасола 10-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи милитсия» дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи фархунда дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт чорабинӣ баргузор гардид.


  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов зимни суханронӣ ҳамаи кормандон ва собиқадорони милитсияро ба иди касбии милитсияи тоҷик табрику муборакбод нумуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, имрӯз милитсияи тоҷик бо пешрафтатарин лавозимоти хизматӣ, аз қабили утоқҳои мусоиди корӣ, таҷҳизоти техникӣ, биноҳои маъмуриву хизматӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин гардидаанд.

  Кормандони мақомоти милитсия дар навбати худ бо маҳорати баланди оперативӣ-хизматӣ, имрӯз тамоми амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро саривақт пешгирӣ ва нафарони ҷиноятпешаро дастгир намуда, бо ин роҳ суботу оромии ҷомеаро таъмин месозанд.
  Чунин натиҷаҳои баланди хизматии милитсияи пойтахт аст, ки имрӯз аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
  Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳизода Рамазон Ҳамро як зумра кормандони милитсияи пойтахт бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва бо фармоиши сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin