• Home »
  • Баромадҳо »
  • Семинар-машварати омӯзишӣ: Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон
Семинар-машварати омӯзишӣ: Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон

Семинар-машварати омӯзишӣ: Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон

  Моҳи ноябр як қатор ҷашнҳои давлатӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ таҷлил карда мешаванд. Яке аз чунин санаҳои таърихӣ 16-уми ноябр мебошад, ки дар саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
  Бо мақсади таҷлили шоистаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳама сола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон» доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори раёсати ҳамкориҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон-сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсия шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Нахуст сардори мақомоти милитсияи пойтахт генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода бо сухани ифтитоҳӣ семинар-машваратро оғоз бахшида, пиромуни талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлолу мутамаддини тоҷикон ибрози андеша намуд.
  Сипас, сиёсатшиноси варзидаи кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо доир ба шахсияти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, марҳила ба марҳила аз ҷоннисориву иқдомҳои хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.


  Чуноне номбурда таъкид дошт, воқеан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба арсаи роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, ки вазъи ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миллати тоҷикро домангир буд. Маҳз ҳама он аз худ гузаштанҳо, хиради азалӣ, сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи ин марди фозили миллати тоҷик буд, ки ҳама нерӯҳои мухолифро гирди як идеяи миллӣ ва давлатсозӣ ҷамъ намуда, дар бунёди Давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузоштанд.


  Воқеан, иштирокдорони чорабинии мазкур аз суханронӣ ва маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво оид ба ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллии тоҷикон як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Дар ин замина, бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа, волоияти қонун ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб, дастур ва раҳнамоиҳои абармарди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори худ менамоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin