Муноқишаи ҷавондухтарон дар заминаи рашк

Муноқишаи ҷавондухтарон дар заминаи рашк

  Санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавондухтар инъикос ёфтааст. Дар ин замина шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор гардид, ки ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида шаҳрвандон, Юсупова Гулпарӣ Пирназаровна, санаи таваллудаш 16.05.1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод деҳам Заркамар;

ва Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошанд.


  Чуноне зимни пурсиш муайян карда шуд, номбурдагон бо ҳамдигар шиносоӣ ва муносибати ошноӣ доштаанд. Аммо, санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:00 дақиқа, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Юсупова Гулпарӣ ва Каримбекова Сарвиноз тибқи талаботи модда 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin