• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

  Имрӯз (22.11.2022) бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳагарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт.


  Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломативу дустонаи ду кишвар ниҳоят дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
  Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон амалисозии як қатор барномаҳо дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ноболиғону наврасон ва таҳким бахшидани робита бо аҳолӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он матраҳ гардиданд.


  Инчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъи сайёҳӣ мебошад. Ин аст, ки сол то сол таваҷҷӯҳи сайёҳони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардидааст. Бо назардошти ин зимни мулоқоти дуҷониба як қатор масъалаҳои вобаста ба будубоши сайёҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
  Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯҳои судманд доир гардид.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin