Мулоқоти кормандони милитсия бо хонандагони МТМУ №8

Мулоқоти кормандони милитсия бо хонандагони МТМУ №8

  Дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, мулоқоти навбатии кормандони милитсия бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №8 ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа, кормандони Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, намояндагони Сарраёсати маориф ва ҳайати устодону хонандагони муассисаи мазкур ширкат намуданд.


  Шоҳиён Алохуҷа зимни суханронии худ оид ба вазъи ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасон дар ҳудуди пойтахт ва рейду амалиётҳои пешгирикунандаи мақомоти милитсия ба ҳозирин иттилои муфассал дод. Тибқи иттилои номбурда, кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасон, тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ мекунанд. Махсусан бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард, давоми чанд соли охир амалиёти шартии “Корд” баргузор гардида истодааст, ки то андозае пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳои авбоширо гирифтааст.


  Мушкилоти ҳалталаби дигаре, ки зимни мулоқоти мазкур аз ҷониби корманди Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Саидов Мирзохон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин идораи воситаи нақлиёт аз ҷониби наврасон ва содир гардидани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки ноболиғон мебошад.
  Гуфта шуд, ки мутаассифона баъзан наврасон аз беаҳамиятии волидайни худ истифода бурда, ғайриқонунӣ воситаҳои нақлиёти волидайни худро идора намуда, ба садамаҳои нақлиётӣ дучор гардидаанд, ки боиси нигаронист. Вобаста ба ин таъкид гардид, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон ҳамаи қишрҳои ҷомеа бояд саҳми боарзиши худро гузоранд.


  Дар ҷараёни вохурии мазкур иброз гардид, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 зиёда аз 4-ҳазор хонанда таҳсил намуда, аз ҳисоби медалҳои ба даст оварда дар олимпиадаҳои фаннӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin