Кӯдаки гумшуда пайдо гардид

Кӯдаки гумшуда пайдо гардид

  Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:34 дақиқа кӯдаки ноболиғ, шаҳрванд Саноев Микоил Маъруфович, санаи таваллудаш 13.10.2011, аз манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баромада, ба самти номаълум ғайб зада буд. Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 17-уми ноябр, тақрибан соати 10:48 дақиқа аз манзили истиқоматии холааш, воқеъ дар маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки ҳеҷ кас дар он ҷо зиндагонӣ намекунад, соқу саломат ёфта шуда, ба модараш шаҳрванд Исматзода Шаҳноза супорида шуд.
  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо фарзандони худ муносибати хуб ва таълиму тарбияро дар сатҳи дуруст ба роҳ монанд. Дар ин замина мақомоти милитсияи пойтахт ба кулли шаҳрвандон низ барои мусоидат ва расонидани кӯмак ҷиҳати пайдо намудани кӯдаки ноболиғ изҳори сипос менамояд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin