Дуздии маблағ аз манзили истиқоматӣ

Дуздии маблағ аз манзили истиқоматӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 15-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:00, бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 49-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 70 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Зарари расонидашуда 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin