• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш ба навори тухмшикании хонандагони мактаб
Вокуниш ба навори тухмшикании хонандагони мактаб

Вокуниш ба навори тухмшикании хонандагони мактаб

  Санаи 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интрнетӣ наворе нашр гардид, ки як гурӯҳ хонандагони муассисаи таълимӣ шухикунон дар сари талабаи дигаре тухм мешикананд. Навори мазкур ва амалу рафтори толибилмон мавриди вокунишҳои гуногуни шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои интерентӣ қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ шудаанд.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур 28-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, талабагони дар навор инъикосфта, хонандагони синфҳои 8-ум ва 10-уми яке аз муаасисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мебошанд.
  Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурдагон барои гӯё «табрикот» ва «таҷлили зодрӯз» дар сарӯ рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати волидайни 4-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin