БДА: ошкорсозии як қатор қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ

БДА: ошкорсозии як қатор қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ

  Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади ошкору пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, танзими ҳамлу нақли мусофирон, пешгирии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо рейду амалиётҳои мақсаднок баргузор менамоянд.
  Да натиҷаи чунин рейду амалиётҳо қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ, аз қабили идораи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва пурра рӯйпуш намудани оинаи пеши автомашина, дар ҳолати мастӣ ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудани нақлиёт, таваққуфи нодуруст ва як қатор дигар қоидаваройнкуниҳо ошкор карда мешаванд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи рейди навбатӣ ронандагони зерин:

Қаландаров Сино – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 018SS01;


Мирсаидов Ҳайдар – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 0368QO07;

Ҳалимов Хуршед – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», рақами қайди давлатиаш 0200АХ01;


Олимов Манучеҳр – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди транзитиаш С1020Р07;


Орзуев Файзиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 111WO01;


Шарипов Шаҳром – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камрӣ», рақами қайди давлатиаш 0202GG01;


Каримов Ҷонибек – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 8639FF01;


Аҳмадов Далер – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 1811СС03;


  барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун боздошт гардида, нисбаташон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҷӯӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin