Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

  Як нафар зан, сокини шаҳри Ҳисор ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ронандаи Автобуси хатсайри №28, рақамҳои қайди давлатиш 2960ТТ09 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро, номбурда ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати ӯ ва фарзанди маъюбаш беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи нақлиёти мазкур, Латипов Абдулфайёз Абдуллоевич, санаи таваллудаш 08.06.1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Номбурда ба мақомоти милитсия дастрас карда шуда, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Зимнан муайян гардид, ки дар ҳақиқат санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:30 дақиқа ҳангоми дар назди бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе қарор доштан, ронандаи мазкур нисбати муроҷиаткунанда беэҳтиромӣ намуда, бо рафтори худ талаботҳои низомномаи дохилиидоравии хизматрасонии мусофиркашониро вайрон намудааст.
  Вобаста ба ин, амалу рафтори Латипов Абдулфайёз дар ҷаласаи Комиссияи интизомии ККВД «Автобус-1» мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба муҳлати 15-шабонарӯз аз фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.
  Бояд қайд кард, ки муроҷиаткунанда аз баррасӣ ва қарори қабул гардида қаноатмандӣ намуда, ба мақомоти милитсия барои санҷиши ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin