Муқобили самт идора намудани нақлиёт, метавонад боиси садама гардад!

Муқобили самт идора намудани нақлиёт, метавонад боиси садама гардад!

  Як нафар истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ирсоли як адад расм аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намудааст, ки нисбати як нафар ронанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро, ронандаи мазкур дидаю дониста бар хилофи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, нақлиёти худро ба муқобили самти ҳаракат идора намудааст.


  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони бозрасӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 1998YO01 шаҳрванд Муқумов Азиз Нозирович мебошад, ки боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи қисми чоруми моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.


  Бо назардошти ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми мушоҳидаи чунин қоидавайронкуниҳо бетарафиро ихтиёр накарда, онро ба навор ва расм гирифта, тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ирсол намоянд ва ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаркат дар роҳ саҳми худро гузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin