Худтанзимкунии ронанда: таъсири нашри хабару иттилоот оид ба қоидавайронкунии ронандагон

Худтанзимкунии ронанда: таъсири нашри хабару иттилоот оид ба қоидавайронкунии ронандагон

  Яке аз принсип ва вазифаҳои асосии фаъолияти мақомоти милитсия, ин пеш аз ҳама пешгирии қонуншиканӣ ва ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мебошад, ки ин дар натиҷаи рейду амалиётҳои профилактикӣ, нашри хабару иттилоот тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ҳамзамон бевосита зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда мешавад.
  Воқеан баъзе аз шаҳрвандон аз надонистани қонун даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мезананд, ки дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ маърифати ҳуқуқии худро ғанӣ сохта, минбаъд аз кирдорҳои хилофи қонун даст мекашанд.
  Аз ҷумла, чанде пеш тариқи сомонаи расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва шабакаҳои иҷтимоӣ, оид ба рӯйпуш намудани автомашина бо плёнкаи махсус хабаре нашр гардида, оид ба мамнуъ будани ин кирдор соҳибмулкони автомашинаҳо огоҳонида шуда буданд. Бо мушоҳидаи ин ҳолат, як нафар соҳибмулки автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки айнан бо чунин плиёнка нақлиёти худро рӯйпуш намуда буд, ғайриқонунӣ будани кирдори худро дарк намуда, бо хоҳиши худ ҳолати қоидавайронкуниро бартараф намудааст.


  Номбурда ҳамзамон ҳангоми бартарафсозӣ ва канда гирифтани плиёнкаро ба навор гирифта, тариқи шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» ба суроғаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда, аз дигар ронандагон хоҳиш намудааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.
  Вобаста ба ин роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба ин шаҳрванд изҳори сипос намуда, таъкид менамояд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳамагон ҳатмӣ буда, пеш аз ҳама ин нишондиҳандаи сатҳи маърифатнокии ҳар як шаҳрванд мебошад.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin