• Home »
  • ХАБАР »
  • Дағалгуфторӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд!
Дағалгуфторӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд!

Дағалгуфторӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд!

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, шаҳрванд Давлатшозода Амир санаи таваллудаш 27.11.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки Давлатшозода Амир ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштан, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст. Алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, пурра исботи худро ёфтаанд.


  Вобаста ба ин, нисбати Давлатшозода Амир тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Сино нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin