Дастгир гардидани ду ҷавонзани қаллоб

Дастгир гардидани ду ҷавонзани қаллоб

  Ба ШВКД-1 дар ноӽияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда фурӯхтаанд.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 72-сола ва ду зани 32 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуданд.
  Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур бо ариза марди 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки “Муҳаё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ занони 32 ва 28-солаи дар боло зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир карда шуданд.
  Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin