Вокуниш ба муроҷиати электронии шаҳрванд

Вокуниш ба муроҷиати электронии шаҳрванд

  Як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо нашри як адад расм аз мақомоти милитсия хоҳиш намудааст, ки нисбати масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дукони фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Чуноне дар расми нашрнамудаи шаҳрванд дида мешавад, мизоҷони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, аз хунукназарии масъулони нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт истифода бурда, автомашинаҳои худро дар байни роҳи пиёдагард гузоштаанд. Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Холматов Муҳаммадӣ Орифҷонович, санаи таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, масъули (администратор) нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт буда, зимни пешбурди фаъолияти корӣ ба хунукназарӣ роҳ додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати назорабарии ҳамаҷонибаи мизоҷони худ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин хунукназарӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
  Ҳамзамон муайян гардид, ки фурӯшандаи мағозаи маҳсулоти ниёзи мардум, шаҳрванд Раҷабов Ҷамшед Носирович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, танурҳои худро дар ду канори роҳи пиёдагард гузошта, дар баробари коста гардонидани ҳусни атроф, ҳамзамон бо ин амали худ ба ҳаракати шаҳрвандон халал ворид сохтааст.
  Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 640-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли соҳибмулкони мағозаву марказҳои хизматрасонӣ тақозо менамояд, ки талаботи қонунгузорӣ ва одоби шаҳрдориро риоя намуда, бо амалу рафтори номуносиби худ боиси халалдор сохтани тартибот ва коста гардонидани ҳусни пойтахт нагарданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin