Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия, шаҳрванд Мирамбахшов Дӯстмуҳаммад Карамшоевич, санаи таваллудаш 15.02.1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки дар ҶДММ «Талко Персия» ба ҳайси ронандаи нақлиёти мусобирбар фаъолият мекунад, дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет» рақамҳои қайди давлатиаш 6874ТТ05, Дӯстмуҳаммад Мирамбахшов зимни фаъолияти корӣ нисбати мусофирзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон, кирдори зиддиҳуқуқии содирнамудаи номбурда, дар аксу наворҳои ба мақомоти милитсия ирсол намудаи шаҳрванд, пурра исботи худро ёфтаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирамбахшов Дӯстмуҳаммад тибқи талаботи модаи 460 (майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin