Боздошти боз як фолбинзан
Эътимод ба фолбинону ҷодугарон ва аз онҳо талаб намудани кумак баҳри пешрафти кору фаъолият, ҷустани дармони дард ва амалисозии дигар хоҳишоти инсонӣ нишондиҳандаи сатҳи маърифатнокии чунин афрод мебошад. Гарчанде ҳилаву макр ва ботил будани афсункориҳои ҷодугарону фолбинҳо кайҳо ошкору маълум гардида бошанд, ҳам вале маҳз эътимоди баъзе аз шаҳрвандони гумроҳ боиси аз байн нарафтани ин тоифа гардидааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ҷодугарону фолбинҳо пайваста рейду амалиётҳо гузаронида, чеҳраи чунин афродро ба мардум мешиносонад, то ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.
Аз ҷумла, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативию санҷишӣ, шаҳрванд Нуралиева Мунаввар Вайсиддиновна соли таваллудаш 25.05.1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқиро дастгир намуданд, ки номбурда дар манзили истиқоматии худ бо истифода аз ҳар гуна ашёҳо ба сеҳргариву ҷодугарӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда дар асоси моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба миқдори 2560-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.