10-шабонарӯз: ҳабси ронанда ва 3-нафар мусофирон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

10-шабонарӯз: ҳабси ронанда ва 3-нафар мусофирон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Ба суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як нафар сокини пойтахт бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», рақамҳои қайди давлатиаш 2020HD01 ва мусофирони он, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зарафшон қисмати бадани худро аз тирезаҳои паҳлуии автомашина ба берун бароварда, бо овози баланд тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи санҷиши навори мазкур ва гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», рақамҳои қайди давлатиаш 2020HD01, шаҳрванд Норов Дишод Иноятуллоевич, санаи таваллудаш 23.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон мебошад.


  Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки ҳодисаи мазкур санаи 17-уми июли соли ҷорӣ ҳангоми иштирок дар маросими туйи домодӣ дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки он се нафаре, ки худро аз автомашина берун бароварда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд шаҳрвандон:
Амонов Амонулло Абдуҳалимович, санаи таваллудаш 15.09.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон;


Очилов Шаҳром Мирзоевич, санаи таваллудаш 26.09.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон;


Буронов Умаршо санаи таваллудаш 01.01.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар мебошанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда ва ҳар се мусофиронаш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон, махсусан он нафаре, ки худро бетараф нагирифта, бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ ҳолати мазкурро ба навор гирифта, тариқи суроғаи электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намудааст, изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон аз дигар шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади таъмини тартибот ва волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin