Садама: боздошти ронандагони фирорӣ

Садама: боздошти ронандагони фирорӣ

  Санаи 17.07.2022, тахминан соати 23:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015», рақами қайди транзитиаш Е2539НО01, шаҳрванд Эргашов Бобоҷон Ҷурабекович, санаи таваллудаш 20.07.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Абай, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар марди 38-солаи сокини пошаҳри Душанберо бо қисмати пеши автомашинааш зада, аз пой меафтонад, ки номбурда бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.
  Баъд аз садама ронандаи мазкур бо мақсади аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Эргашов Бобоҷон дастгир карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур айни замон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin