• Home »
  • ХАБАР »
  • Ифтитоҳи китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дар асоси дастури вазири корҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсияи пойтахт, дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ (лингвистӣ) ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ширкат намуд. 

Қобили зикр аст, ки пайваста савияи малакаи касбӣ ва дониши кормандони мақомоти милитсия бо баргузории озмунҳои китобхонӣ тақвият дода мешавад. Ифтитоҳи китобхона метавонад ба омӯзишу аз бар намоии илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, ки яке аз тавсияҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд, мусоидат намояд.

Чуноне зимни ифтитоҳи китобхона иттилоъ дода шуд, айни замон дар китобхона зиёда аз 2- ҳазор адабиётҳои гуногуни илмиву соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Махсусан дар як гӯшаи китобхона китобҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгир карда шуданд, ки кормандони милитсияи пойтахт бо мутолиаи инҳо мактаби мардонагиву ҷасурӣ, сулҳофариву сиёсатмадорӣ ва идораи давлатдориро меомӯзанд.

Зимни ифтитоҳи китобхонаи мазкур ба сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва забондонии кормандони милитсияи пойтахт, байни кормандони милитсия озмунҳои китобхонӣ ва забономӯзӣ доир карда мешаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin