• Home »
  • Баромадҳо »
  • Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмасур
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмасур

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмасур

  18 июли соли 2022 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмасури шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.


  Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Шуъбаи мазкур вохӯрии судманд доир намуда, зикр кард, ки ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони пойтахт, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд.


  Пас аз суҳбат бо кормандони ин ниҳод Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматбарӣ, утоқҳои корӣ ва қабулгоҳи «филтратсионӣ», ки барои дастрас ва нигоҳдории вайронкунандагони тартибот нигаронида шудааст дидан намуда, ба корҳои таъмиргариву сохтмонӣ баҳои арзанда доданд.


  Қобили зикр аст, ки утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва деворҳои гирду атрофи бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмасур аз таъмири пурра бароварда шуда, бо дарахтон ва гулҳои мавсимӣ оро дода шудаанд. Бешубҳа таъмин гардидани кормандони мақомоти милитсия бо лавозимоти муҳими корӣ ҷиҳати пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.
  Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати такмил додани донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin