• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: бартарафсозии таваққуфи нодуруст дар назди масҷидҳои ҷомеъ
Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: бартарафсозии таваққуфи нодуруст дар назди масҷидҳои ҷомеъ

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон: бартарафсозии таваққуфи нодуруст дар назди масҷидҳои ҷомеъ

  Дар асоси муроҷиат ва аксҳои ирсол намудаи шаҳрвандон нисбати як қатор ронандагони воситаҳои нақлиёт барои таваққуфи нодуруст ва банд намудани роҳу монеагӣ ба ҳаракати шаҳрвандону воситаҳои нақлиёт чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва монеагӣ ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ боис шудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронандагони зерин барои таваққуфи нодуруст протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эҳтиромона аз кулли ронандагон хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо таваққуфи нодурусти нақлиётҳои худ боиси озори дигар шаҳрвандон нагарданд.
  Аз ҷумла, як чанд ҳолати таваққуфи нодуруст дар назди масҷидҳои ҷомеъ:
Сияров Сиёвуш Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 1000DS01;


Холматов Абдураҳмон – ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 1000PJ01;


Содиқов Абдуллоҷон Ҷамшедович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақамҳои қайди давлатиаш 0102XQ01;


Акбаров Шавқат – ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, рақамҳои қайди давлатиаш 0091VV01;


Ҳусайнов Абдуллоҷон Ҳайдаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 6231MO01;


Буйдоқов Икромҷон Раҳмонқулович – ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 7600HA01;


Бобоев Муҳаммадҷон Раҷабалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, рақамҳои қайди транзитиаш E1354x01;


Ҳасанзода Амриддин Маҳмадшариф – ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақамҳои қайди давлатиаш 7007FE01;


Камолов Ҳотам – ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақамҳои қайди давлатиаш 0195НН01;


Шарипов Умед – ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота”, рақамҳои қайди давлатиаш 7000ВК01;

Ҳайдаров Далер – ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, рақамҳои қайди давлатиаш 5568ЕМ01;


Каримов Нурулло – ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақамҳои қайди давлатиаш 9837НН07;


Нозимов Комил – ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, рақамҳои қайди давлатиаш 7216FF01;


Нисбати ронандагони мазкур аз ҷониби кормандони ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси моддаи 324 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin