• Home »
  • ХАБАР »
  • 12 бар 2: Ғолибияти нахустини футболбозони милитсияи пойтахт дар мусобиқаи «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»
12 бар 2: Ғолибияти нахустини футболбозони милитсияи пойтахт дар мусобиқаи «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

12 бар 2: Ғолибияти нахустини футболбозони милитсияи пойтахт дар мусобиқаи «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

  Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушду нумуи футбол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе миёни сохторҳои гуногуни шаҳрӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷараён дорад.


  Дар мусобиқаи варзишии мазкур тамоми идора ва сохторҳои шаҳрӣ ширкат намудаистодаанд. Аз ҷумла, дастаи футболбозони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни мусобиқа аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҳарифи нахустини худро бо ҳисоби 12:2 мағлуб намуданд.
  Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур то 27-уми июни соли ҷорӣ идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin