10-шобонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

10-шобонарӯз ҳабс барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар асоси аризаи шикоятии як нафар сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Давлатов Фирӯз Абдусаломович, санаи таваллудаш 09.02.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Чапаев дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 1-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино, нади маркази савдои «Ёвар» қарор доштанаш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати муроҷиаткунанда дашномҳои қабеҳ дода, ҳамзамон ӯро мавроиди латукӯб қарор додааст.
  Дар натиҷаи пурсиши шоҳидону санҷиши навори ҷойи ҳодиса кирдори майдаавбошонаи дастгиршуда тасдиқи худро ба пуррагӣ пайдо намуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатов Фирӯз Абдусаломович тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin