• Home »
  • ХАБАР »
  • Шанбегии дастаҷамъии кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои дар маҳаллаи Гипрозем
Шанбегии дастаҷамъии кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои дар маҳаллаи Гипрозем

Шанбегии дастаҷамъии кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои дар маҳаллаи Гипрозем

  Бо мақсади таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ташкили шанбегиҳои дастаҷамъӣ ва ободу зебо гардонидани Душанбешаҳр, имрӯз кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Гипрозем, назди хобгоҳҳои кӯчаи Нахимов шанбегӣ ташкил намуданд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии шӯъбаи мазкур фаъолона ширкат намуданд. 

Қобили зикр аст, ки кормандони милитсия дар баробари пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ҳамзамон дар корҳои ободонию созандагӣ низ саҳми худро мегузоранд. Ҳар ҳафта бо ташкили шанбегиҳои дастаҷамъӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободонии як гӯшаи диёр фаъолона ширкат менамоянд.

Ташкили чунин шанбегиҳои дастаҷамъӣ минбаъд низ аз ҷониби кормандони милитсия дар минтақаҳои хизматӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин доир мегардад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin