Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои латукуби ронандаи автомашинаи «такси»

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои латукуби ронандаи автомашинаи «такси»

  Санаи 6-уми июни соли ҷорӣ дар як қатор шабака ва сомонаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор гирифтани як нафар ронандаи автомашинаи мусофирбар аз ҷониби гурӯҳи ашхос инъикос ёфтааст. Дар зимн шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ҷавонони вайронкунандагони тартибот чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ нафарони қонуншикан муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардиданд.
Инҳо шаҳрвандон:
  Қаландаров Сӯҳроб Маҳмудович, соли таваллудаш 18.05.1995, сокини шаҳри Душанбе ноҳияи И.Сомонӣ деҳаи Деҳнаваки Боло, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра” рақами қайди давлатиаш 6767ХН01;


  Қаландаров Ҷаҳонгир Сафарович, соли таваллудаш 08.08.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳнаваки Боло;


  Убайдуллоев Некрӯз Зайниддинович, соли таваллудаш 08.02.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб деҳаи Чағатай мебошанд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 6-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 19:40 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Б.Ғафуров аз сабаби монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати онҳо, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Салярис” рақамҳои қайди давлатиаш 9132ТТ05, Насриддинов Саъдӣ Киромиддинович, соли таваллудаш 26.11.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳи Болоро мавриди латукуб қарор додаанд, ки номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin