Садама: ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”

Садама: ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”

  Санаи 5-уми июни соли 2022, тақрибан соати 09:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камри» рақами қайди давлатиаш 2004SH01, ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Сино ба самти кӯчаи Сомонӣ ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи мусофирбари хатсайри №18, рақами қайди давлатиаш 0321ТТ09 бархурдааст. 

  Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Тайота Камри» ва мусофири он ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ягон нафар аз мусофирон ва ронандаи автомашинаи мусофирбар ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштаанд. Иттилои нашрнамудаи баъзе аз расонаҳо, ки дар бораи ҷароҳат бардоштани мусофирони автобус хабар додаанд, асоси воқеӣ надорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin