• Home »
  • Баромадҳо »
  • Дар доираи ислоҳоти милитсия: Ифтитоҳи утоқи иловагӣ барои нозирони минтақавӣ дар маҳаллаи Гипрозем
Дар доираи ислоҳоти милитсия: Ифтитоҳи утоқи иловагӣ барои нозирони минтақавӣ дар маҳаллаи Гипрозем

Дар доираи ислоҳоти милитсия: Ифтитоҳи утоқи иловагӣ барои нозирони минтақавӣ дар маҳаллаи Гипрозем

  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз 30 июни соли 2012 таҳти рақами №1291 ва амалигардонии стратегия ва барномаҳои ислоҳоти милитсия аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар, дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷиҳати баррасии фаврии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон нуқтаҳои иловагии нозирони минтақавии милитсия сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Душанбе низ дар доираи ислоҳоти милитсия дар минтақаҳои гуногуни аҳолинишин утоқҳои кории иловагӣ барои нозирони минтақавӣ сохта шудаанд, ки имрӯз фаъолияти самарабахш доранд.


  Чунин утоқи иловагӣ дар маҳаллаи Гимроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар минтақаи хизматии №19 ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини сардори Раёсат подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин, сардори ШВКД-1 дар н.Сино полковники милитсия Файзуллозода Илҳом ва роҳбарону ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ширкат намуданд.
  Зимни мулоқот ва суханронӣ сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ, кормандони милитсияро ба иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати таъмини тартибот ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ дар раванди пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва ошкору пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ, даъват намуд. Чуноне номбурда иброз дошт, вазифаи асосии кормандони милитсия пеш аз ҳама пешгирии қонуншиканӣ ба шумор рафта, бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон кормандони милитсияро мебояд ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.


  Нуқтаи иловагии мазкур аз ду утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми шароитҳои лозима, аз қабили мизу курсӣ, компютеру дигар таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
  Чуноне зикр гардид, давоми ду моҳи охир бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ ва боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани афроди ҷиноятпеша аз ҳисоби сохторҳои гуногуни мақомоти милитсия дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар байни сокинону дигар шаҳрвандони ин минтақа суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамзамон барои дастгир намудани афроди қонуншикан як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур як чанд нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда ва афроди ҷиноятпешаву ҳуқуқвайронкунанда боздошту ба ҷаобгарӣ ҷалб гардиданд.


  Бо итминони комил иброз гардид, ки ифтитоҳи чунин утоқҳои иловагӣ барои нозирони минтақавии милитсия шароити мусоиди кориро фароҳам сохта, кормандони милитсия метавонанд саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон шаҳрвандон низ, ҷиҳати баррасии арзу шикоятҳои худ бо кормандони милитсия дар иртиботи зич қарор гирифта, дар таҳкими тартиботу пешгирии ҳама гуна унсурҳои халалдоркунандаи тартибот саҳми худро мегузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin