• Home »
  • Баромадҳо »
  • Дарси хизматӣ: Баррасии масоили гуногуни фаъолияти хизматӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти милитсия
Дарси хизматӣ: Баррасии масоили гуногуни фаъолияти хизматӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти милитсия

Дарси хизматӣ: Баррасии масоили гуногуни фаъолияти хизматӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти милитсия

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, муовинони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт дарси хизматӣ ва суҳбати озоду самимӣ баргузор гардид.
  Умарҷони Эмомалӣ доир ба раванди амалисозии стратегия ва барномаҳои ислоҳоти милится, одобу рафтор ва хулқу атвори намунавии корманди милитсия, иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ ва як қатор масъалаҳои дигари рӯзмарра суҳбати самимӣ онҷом дод.


  Номбурда зимнан бо қироати порчаҳои шеърӣ ва пандҳои бузургони ниёгони миллати тоҷик ҳозиринро ба омӯзишу аз бар намоии илму дониш, махсусан илмҳои замони муосир ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ намуд. Чуноне таъкид гардид, маҳз бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти меҳанпарастиву хештаншиносиӣ ва аз бар намоии сабақи таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ба нашр расонида ҳамчун туҳфа ба ҳар як хонадони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд, ки ҳар як хонавода бо мутолиаи он метавонад аз таърихи пурғановати худ бархурдор гардад.


  Чуноне зикр гардид бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ озмунҳои гуногун аз ҷумла, озмуни хониши китоби «Тоҷикон» миёни кормандони мақомоти милитсия баргузор гардида истодааст, ки ин иқдоми наҷиб метавонад ҷиҳати аз худ намудани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановати миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба ҳар як корманди милитсия мусоидат намояд.


  Ба андешаи номбурда кормандони милистяи шаҳри Душанбе, ки бо дастовардҳои оперативию хизматӣ, иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ, пӯшидани либоси низомӣ ва малакаи баланди касбӣ намунаи ибратанд, ҷиҳати омӯзишу аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи мутоливу дӯстдории китоб низ саҳми худро мегузоранд. Аз ҷумла озмуни хониши китоби «Тоҷикон» низ дар байни командони милитсияи шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шудаанд.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур кормандони милитсияи шаҳри Душанбе низ суханронӣ намуда, як қатор суолу пешниҳодҳои муфид намуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin