• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии риояи талаботҳои шаҳрдорӣ зимни мулоқот бо соҳибмулкони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт
Баррасии риояи талаботҳои шаҳрдорӣ зимни мулоқот бо соҳибмулкони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт

Баррасии риояи талаботҳои шаҳрдорӣ зимни мулоқот бо соҳибмулкони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқоти озоду ошкорои сардори Раёсат генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо роҳбарону соҳибмулкони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт баргузор гардид.


  Зимни мулоқот аз ҷониби сардори мақомоти милитсияи пойтахт мушкилоту масъалаҳои гуногуни ҳалталаб, аз қабили риоя нагардидани реҷаи корӣ, ба фаъолияти корӣ ҷалб намудани ноболиғон, худсарона ва бе иҷозати соҳибмулк идора намудани воситаи нақлиёт ва ба ин тартиб рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
  Мавриди зикр аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандон низ аз фаъолияти бенизоми нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт, махсусан дар нимашабӣ бо мусиқии баланд фаъолият намудани онҳо ба мақомоти милитсия шикоят намудаанд, ки дар натиҷа боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани чанде аз роҳбарону масъулони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт гардидааст. Воқеан боиси ташвиш аст, ки баъзе аз соҳибмулкон дидаву дониста талаботи қонунгузорӣ ва реҷаи кориро дағалона вайрон намуда, боиси халалдорсозии оромии шаҳрвандон мегарданд.


  Вобаста ба ин сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ махсус таъкид намуд, ки риояи ҳатмии реҷаи корӣ ва талаботи шаҳрдорӣ барои ҳар як соҳибкор махсусан соҳибони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ мебошад.
  Масъалаи дигаре, ки зимни мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин содир намудани ҷиноятҳои гуногун аз ҷониби кормандони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт мебошад. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд соҳибмулкони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт зимни ба кор қабул намудан, беаҳамиятӣ зоҳир намуда, афроди тасодуфиро барои манфиатҳои ночизи худ ба кор қабул менамоянд, ки дар натиҷа боиси содир намудани ҷинояту қонуншиканиҳои гуногун, махсусан бе иҷозати соҳибмулкон идора намудани воситаҳои нақлиёти мизоҷон гардидааст.


  Дар қисмати дигари вохурии мазкур як қатор соҳибкорон-соҳибони нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт низ суханронӣ намуда, ҳамзамон ба саволҳои худ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин иброз намуданд, ки талаботи қонунгузорӣ ва реҷаи кориро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, ҷиҳати ба тартиб даровардани фаъолияти коргоҳи худ тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin