• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиат: ҷаримабандии як нафар ҷавон барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот
Баррасии муроҷиат: ҷаримабандии як нафар ҷавон барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот

Баррасии муроҷиат: ҷаримабандии як нафар ҷавон барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд, сокини шаҳри Душанбе барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот шаҳрванд Қудратов Аъзамҷон Уктамович, соли таваллудаш 04.08.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷамила боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш ва пурсиши Қудратов Аъзамҷон муайян карда шуд, ки номбурда мунтазам нисбати ҳайвонот махсусан сагҳои хурдҷуссаву хурдсол бераҳмӣ намуда, бо саги ҷангии худ, ки зоти «Питбул» мебошад миёни ҳамдигар ҷанг меандохтааст. Аз ҷумла санаи 16-уми майи соли ҷорӣ низ дар натиҷаи чунин муносибати бераҳмона бо ҳузури кӯдакони хурдсол сагҷанг ташкил намудааст, ки дар натиҷа саги ҷангии номбурда саги заиферо ба ҳалокат расонидааст.


  Воқеан чунин амал берун аз ахлоқи инсонӣ буда, дар доираи қонун ҷавобагриро дар пай дорад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Қудратов Аъзамҷон тибқи талаботи моддаи 277 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 5-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin