• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳодисаи нохуш: барои муайян намудани шахсияти ҷасад кумак намоед
Ҳодисаи нохуш: барои муайян намудани шахсияти ҷасад кумак намоед

Ҳодисаи нохуш: барои муайян намудани шахсияти ҷасад кумак намоед

  Санаи 12-уми майи соли 2022 дар асоси хабари қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия ба кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода назди бозори ҶДММ «Варзоб» сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа, ҷасади шахсияташ номаълум, зоҳиран марди тақрибан 35-40 сола, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дар назди тронсформатор дарёфт гардид.
Зимни азнанзаргузаронӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат расидааст.
  Қадаш 165 сантиметр буда, мӯйи сараш зардина ва дар тан шимми ҷинси кабуд дошта, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба мақомоти милитсия кумак намоянд.
  Мутаасифона, баъзе аз расонаҳо ҳодисаи мазкурро ба падидаи ниҳоят номатлуби ба истилоҳ «облава» рабт додаанд, ки комилан хабари беасос ва носаҳеҳ мебошад. Расман шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳориро пурра ба анҷом расонида, сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт хотима ёфтааст.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба милитсия кумак намуда, ба ҳар гуна ахбору иттилои носаҳеҳ эътимод накунанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin