Боздошту ҷаримабандии зани фолбин

Боздошту ҷаримабандии зани фолбин

  Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.
  Кормандони Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Бекмуродова Ҳабиба Гуловна санаи таваллудаш 07.01.1956, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Гулпарвар дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.
  Дар асл ӯ саводу дониши тиббӣ надошта, маҳз ба хотири қонеъ сохтани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст. Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва сипанду об гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, онҳоро сеҳру ҷоду ва фолбинӣ намуда, бар ивази ин амали худ маблағи муайяне меситонидааст. Аз ҷумла, зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳо, ки барои анҷоми сеҳру ҷоду истифода мебурд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ҳабиба Бекмуродова барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокли маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 40-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2560-сомонӣ татбиқ карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати минбаъда ба ин амал машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin